Yuridik shaxsning kreditdan foydalanishi bo'yicha yangi ma'lumotlar e'lon qilindi!
Кодекси маблағгузории занони соҳибкор ("WeCode" ё "Code") - ин равиши бисёрҷонибаи глобалӣ буда, ба бартарафсозии маҳдудиятҳо ва норасоиҳои маблағгузорӣ, ки ба занони соҳибкор дар саросари ҷаҳон таъсир мерасонанд, равона гардидааст. Муассисаҳое, ки экосистемаҳои гуногуни молиявиро намояндагӣ мекунанд, дар лоиҳа иштирок менамоянд, бо мақсади (1) таҳкими роҳбарӣ дар ин самт дар сатҳи институтсионалӣ, миллӣ ва байналмилалӣ, (2) беҳтарнамоии ҷамъоварӣ, таҳлил ва истифодаи маълумот дар бораи сатҳ ва сифати маблағгузории тиҷорати таҳти роҳбарии занон ва (3) андешидани чораҳо дар самтҳои тахассусии худ барои саҳмгузорӣ ба бартарафсозии камбудиҳо дар маблағгузории занони соҳибкор.